ҶДММ «Фаровон Қӯрғонтеппа» -и шаҳри Қӯрғонтеппа.

«То бозорро ба тартиб надарорем, интизоми намунавӣ ва маданияти бозордориро ҷорӣ насозем, назму низоми тиҷоратиро ба роҳ монда метавонем»

Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.                                                                               

Оре, меҳмоне, мусофире, сайёҳе, тоҷире, корафтодае аз шаҳри Қӯрғонтеппа гузар намояд, албатта аз бозори он дидан мекунад, чун ки шаҳри Қӯрғонтеппа маркази вилояти Хатлон мебошад.

Корвони тоҷирон маҳз аз ҳамин шаҳр мегузаштанд. Имрӯз бозори шаҳрамон яке аз бозорҳои калонтарини ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар маркази вилояти Хатлон ҷойгир шудааст ва симои ба худ хосеро доро мебошад. Вай дар пеши назари харидорону фурӯшандҳо, аҳли сокинони шаҳр, меҳмонону сайёҳон ва тоҷирони   дурру наздик симои хешро дигар карда, ба яке аз марказҳои савдою тиҷоратии      замонавӣ муббадал гашта истодааст.

 

 

 

Hide Main content block